- Иловаи ҳамоҳанг ба образи шумо
Композитсияи ғайриоддӣ бо кайфияти шумо ҳамоҳанг аст ва нақшеро мебозад, ки шумо худ барояш интихоб кардаед. - Ҳамсафари содиқ дар ҳар фасл
Атр дар зимистон гарм мекунад ва дар баҳор шодӣ мебахшад – он ҳаррӯза ва ҳарсоата муҳим аст. - Нишони завқи хуб
Атр қодир аст ҷозибаи табиии соҳибаи худ ва эстетикаи авлавиятҳои завқии ӯро таъкид кунад. - Фалсафаи атр
Агар ба шумо Eclat D'Arpège аз Lanvin маъқул бошад, интихобатонро ба Arc-en-ciel Bloom равона кунед.
Атри шодӣ ва ҷавонӣ!
Arc-en-ciel Bloom
Композитсияи ғайриоддии гулию мевагии атри рӯзонаи Arc-en-ciel Bloom бо кайфияти шумо ҳамоҳанг аст ва нақшеро мебозад, ки шумо худ барояш интихоб кардаед. Он метавонад вохӯрии хаёлии шабона, эътирофи самимии ишқи пок аз арӯс ва ё саломи дӯстонаи корӣ бошад.
Пирамидаи нотаҳо – ин омезиши хислатҳои гуногун дар як бутун аст: чойи сабз ва наргизаки сабз бо боварӣ ҳамроҳи гули пиони ҳашаматнок ва османтуси нафиси чинӣ бозӣ мекунанд.
Пок ва нозук, ба гипюр монанд
Портрети атр
Бӯи лиму ва наргизак, ки атрро мекушоянд, якдигарро таъкид карда, тароти лиму ва ҳашамати нафиси наргизакро бармало мекунанд. Тобишҳои миёнаи глициния, чойи сабз ва шафтолу атрро ҳаҷмноктар месозанд. Нотаҳои асосии мушк, амбар ва кедр, гӯё қаби зебои тасвири комил, композитсияро ҳамоҳанг месозанд.
Нотаҳои болоӣ: лиму, шафтолу, наргизак
Нотаҳои миёна: глициния, чойи сабз, наргизак
Нотаҳои асосӣ: мушк, амбар, кедри лубнонӣ
Нусхаи сафарии атри дӯстдоштаатонро фармоед – Arc-en-ciel Bloom, оби атр, 20 мл
• Наргизак
Барои бисёриҳо бӯи наргизак аз шомҳои баҳорӣ, тӯфонҳои мастовари май, тароти жарангдори занги охирин ҷудонашаванда аст. Наргизак дар марзи тобистон мешукуфад ва ба он тундии хушбӯи баҳорро тӯҳфа мекунад.
Имрӯз тақрибан 30 навъи наргизак вуҷуд дорад – аз кабуду бунафши анъанавӣ то сурх, сафед ва ҳатто зард. Наргизак дар Аврупо танҳо дар асри 16 пайдо шуд, аз Туркия ҳамчун туҳфаи султон Сулаймони Кабир ба императори Австрия Фердинанди I оварда шуда буд.
Бо вуҷуди фаровонии наргизак, дар атрсозӣ ин ҷузъ ба вазни тилло арзиш дорад. Гап дар он аст, ки барои истеҳсоли ҳамагӣ як килограмм равғани хушбӯи наргизак зиёда аз 40 миллион гулбарг лозим аст, ки аз як гектари бутун ҷамъоварӣ мешаванд.
• Глициния
Растании фавқулода зебо аз оилаи лианамонандҳо. Номи дуюмаш – вистерия. Глициния дар тобистон мешукуфад ва фазои атрофро бо бӯи бетакрори ширин, ки аз дастаҳои гулаш мебарояд, пур мекунад. Надидани глицинияи шукуфон ғайриимкон аст, зеро ин ҳақиқатан манзараи олист: шохаҳои глициния бо дастаҳои овезони гулҳои бунафш, гулобӣ ё сафед пӯшида мешаванд. Бӯи нозуку ширини онҳо ба бисёр композитсияҳо ҷозибаи фавқулода бахшидааст.
• Чойи сабз
Бӯи чойи сабз – бонишотӣ, нозук, вале возеҳ ҳисшаванда ва шинохта. Бӯи тару тозаи он бо нотаи сабуки чӯбӣ дар ҳар фасли сол идеал аст. Аммо беҳтарин дар мавсими тобистон мекушояд, хунукӣ ва покии ҳиссиётро тӯҳфа карда. Атрсозон чойи сабзро барои бӯи базӯр ҳисшавандаи он дӯст медоранд, ки барои эҷоди композитсияҳои тару тозаи тобистона комилан мувофиқ аст. Нотаҳои чойи сабз бештар тароват ва туршии ситрусҳоро, «хишдории» нотаҳои гиёҳӣ, растанӣ ва обӣ, инчунин тундии нотаҳои чӯбиро тақвият медиҳанд.
Барои кӣ?
Барои занони ошиқона
Барои хаёлпарастони нозук
Атр дар ҳар шароит, дар ҳар фасли сол мувофиқ аст
• 5–6 соат
давомнокии атр
Дар ҳайвонот озмоида нашудааст




